ФУТБОЛ. Алишер Ҷалилов ва Игор Черевченко беҳтаринҳои моҳи август дар Лигаи олии Тоҷикистон дониста шуданд

Сентябрь 3, 2023 10:54

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии августро оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат муайян намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сарбони «Истиқлол» Алишер Ҷалилов, ки дар ду дидори моҳи гузашта беҳтарин бозигар дар майдон эътироф гардида, ду голи дигар ба самар расонд, беҳтарин футболбози август дониста мешавад.

«Истиқлол» зери роҳбарии Игор Черевченко дар чор дидори Лигаи олӣ дар моҳи гузашта се пирӯзӣ ба даст оварда, як бозии дигарро мусовӣ ба анҷом расонид. Инчунин “Истиқлол” ба марҳилаи 1/2-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 роҳхат пайдо намуд.

Ҷоизадорони Лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид