«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон, Суғд, Бадахшон ва Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад

Сентябрь 13, 2023 09:43

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 сентябр дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Соли 2023 озмун бори аввал байни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад

Бо дастури Пешвои миллат соли равон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 13, 2023 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид