Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Сентябрь 14, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар кори он беш аз 100 нафар волонтёрони фаъол, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷараёни баргузории форум волонтёрони Осиё Марказӣ- мутахассисони сатҳи байналмилалӣ вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ва боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба фаъолияти волонтёрӣ сухан гуфтанд.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон утоқи волонтёрон фаъол буда, дар он ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад.

Ҳадафи Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ- муттаҳид намудани волонтёрон, ташкилоти волонтёрӣ, сиёсатшиносон ва ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати омӯхтани равишҳои инноватсионӣ барои амалӣ намудан ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи фаъолияти волонтёрӣ ҳамчун  амали муҳим барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Вазифаҳои асосии форуми мазкур аз мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои волонтёрӣ иборат буда, дар раванди баргузории форуми мазкур ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти ҳаракатҳои волонтёрии давлатҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, дастовардҳои худро дар ин раванд муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон иштирокчиёни Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои мубрам оид ба тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути якҷоя намудани саъю кӯшишҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки волонтёрӣ ибрози андеша  менамоянд.

Ҳамзамон  форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид