ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОҒОЗИ ЭҲЁИ ВОҚЕИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Андешаҳои доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ дар ин мавзуъ

Сентябрь 10, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 10.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар паҳнои азими ҷаҳони муосир то имрӯз даҳҳо миллату мамлакатҳое мавҷуд мебошанд, ки садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ ва соҳиб гардидан ба арзу буми сарзаминашон азият мекашанд. Хушбахтона, тақдир ба миллати мо баҳрабардориро аз ин неъмати асосӣ ва аз ин давлати накӯномӣ пас аз садсолаҳои орзуву умед ва ниятҳои дар дили ҳазорон фарзандонаш барбодрафта сазовор донист. 

Халқи тоҷик аз қадимулайём дар бари кӯҳсори баланд маскан гирифта, аз қуллаҳои он баландӣ омӯхт ва аз софии оби чашмасорони бешумор покизагӣ андӯхт. Дар дили мардуми фарҳангсози мо меҳри беандозаи Ватан маъво гирифт. Зиёда аз ду ҳазор сол инҷониб аҷдодони мо дар майдони фарохи фарҳанг ва тамаддуни олам соҳиби эъҷоз буданд ва фазои маънавии Хуросону Мовароуннаҳрро бо падидаҳои нозуктарин, ба мисли «Авесто»-ву «Шоҳнома», шашмақому фалаксароӣ ва гуруғлихонӣ оро медоданд. Чунин ибрози назар намуд ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ.  

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳар рукни истиқлолияти имрӯзаи мо – фарҳанг, ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, заҳматпеша будан — ин натиҷаи ҳамон муҳаббатхоҳии миллатамон ба шумор меравад, ки дарвоқеъ таҷассумгари сифати асосии фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз дар саргаҳи бунёди фарҳанги навини мо нидои Рӯдакии бузург қарор гирифта буд, ки дидори дӯстонро ҳамчун беҳтарин шодии ҷаҳон пазируфт:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон. 

         Андаке баъд Аллома Абӯалии Сино масоҳати фарогири тафаккури инсонро дар як лаҳзаи таърих то ба авҷи Зуҳал боло баровард ва гӯё ба миллати бузургаш оид ба расидан ба баландиҳо ва канораҷӯӣ аз пастиҳо ҳидояте карду рафт:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал…

         Ва минбаъд низ тоҷикон доим дар баландӣ қарор мегирифтанд – дар баландии номус, дар баландии макон ва виҷдону хирад.

Ҳамин парастиши дӯсти қобил, ҳамин нияту ҳаракати ҳамзистии осоиштаи насли одамро дар пайравии Рӯдакӣ устод Мирзо Турсунзода идома додааст:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо…
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт…

Васфи баландиҳо ва рамзҳои он ҳама ҷо дар ашъори Турсунзода мақоми хоса дорад:

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.

         Оре, мо имрӯз ба ҳамон баландии орзунамудаи аҷдодони хеш расидем. Аҳли олам кунун ба хубӣ мушоҳида намуданд, ки чӣ гуна миллати тоҷик дар солҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ аз болои садҳо монеаҳои ба рӯзгори мо таҳмилгардида сарбаландона убур намуд ва зимнан, ҳар қадаре ки пасттинатон мехостанд мардуми моро сӯи сифла кашанд, ҳамон қадар қомати номуси миллат болотар мегардид.

Ҳастии мардум дар фарҳанг қарор дорад, яъне метавон умед баст, ки минбаъд низ омилҳои фарҳангӣ воситаи асосии рушди ҷомеаи мо мегарданд. Бешубҳа, ҳар сангу ҳар хишти бинои Истиқлолияти давлати навини тоҷикон аз замини падидаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ – маҳсули эъҷози аҷдодони соҳибхиради мо бунёд гардидааст.

Итминони комил аст, агар бигӯем, ки дар ҳақиқат шиори нахустини замони Истиқлолиятро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин сарчашмаи некӯи хирад иқтибос оварда, эълон намуданд, ки «фарҳанг – ҳастии миллат аст». Маҳз фарҳангӣ будани мардуми тоҷик ҷумҳуриро аз офати ихтилофи пай дар пай эмин дошт.

Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд хеле амиқ ва фарох андеша биронад, ки ҳазор соли зулму истисмори бегонагон, гуруснагиву оворагии аҷдодон, бедавлативу бехонагӣ чи рӯзгоре буд ва инак ҳамагӣ сиву ду соли истиқлолият ба мо чиҳо дод.

Мо бояд ифтихор аз он созем, ки дар муддати хеле кӯтоҳи давраи истиқлолият Сарвари давлати мо тавонистанд мардуми мамлакатро то ҳадди имкон зудтар ва амиқтар аз бузургтарин падидаҳои меросӣ, беҳтарин намунаҳои бойи маънавияти миллӣ огоҳ намоянд. Вақте ба сӯи мероси гаронбаҳои мо – мусиқии Шашмақом чашмони баъзе доираҳои «фарҳангдӯсти» олам ало гардиданд, Президенти Тоҷикистон дарҳол фармони таърихиро оид ба рушди ин санъати асил ба тасвиб расониданд. Ҳамин буд, ки пас аз чанде ташкилоти ЮНЕСКО бо Қарори махсуси худ Шашмақоми тоҷиконро ба номгӯи бузургтарин падидаҳои мероси маънавии олам ворид намуд.

Дар Тоҷикистон дар замони истиқлолият эҳёи воқеии фарҳанги миллӣ оғоз гардид. Дар муддати кӯтоҳ бинои муҳташами Китобхонаи миллӣ бунёд гардид, ки он бе муболиға ба маркази бузургтарини донишандӯзӣ табдил ёфт. Ин хазинаи бузурги маърифат аз рӯи нишондиҳандаҳои тахассусӣ (фонди 13 миллионаи китоб, шароити беҳтарин барои ҳифзи осор, технологияи ҳозиразамони хизматрасонӣ ва ғ.) яке аз беҳтарин китобхонаҳои олам ба шумор меравад. Бешубҳа, ин дастовардҳои фарҳангӣ, қабл аз ҳама, маҳсули сиёсати хирадмандона ва нуктасанҷонаи Сарвари давлатамон ба шумор мераванд.

Дар тӯфони пурмоҷарои сиёсати ҷаҳонӣ Сарвари давлат киштии миллатро сӯи манзилгаҳи мақсуд далеронаву бохирадона равон сохтанд ва ҳамин буд, ки суханони дигари устод Турсунзода барҳақ баромаданд, яъне ҷаҳон донист, ки «бе зулму асорат мо ҷаҳон дорем»!

Дар китоби Истиқлолият бояд саҳифаҳои тозае навишта мешуд аз боби фарҳанг, сиёсат, мулкдорӣ ва тиҷорат. Роҳе бояд пайдо мегардид, ки роҳи Рост бошад ва адлу инсофро ба мардум дастрас намояд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин роҳи Ростро устуворона пайдо намуданд ва барои ба мақсад расонидани мардум, таъмини ояндаи осоиштаи миллат сараввал маҳз сиёсати роҳкушоиро пеша намуданд ва кулли манотиқи мамлакат байни якдигар роҳҳои замонавӣ пайдо намуданд.

Қариб ним аср қабл аз рӯзгори мо устод Мирзо Турсунзода пешгӯӣ намуда буданд:

Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард… 

Ин суханони ба тақдири кунунии қитъаи Осиё бахшидаи шоири шаҳир ва Қаҳрамони Тоҷикистон, қабл аз ҳама ва бечунучаро маҳз ба Тоҷикистон пайвандӣ доранд. Имрӯз халқи мо, миллати куҳанбунёди мо баҳри мустаҳкам намудани ҷисму ҷони мамлакаташ аз нав бедор шудааст. Дар пеши раҳи мо ҳарчи монеае ҳаст — убур мешавад, ҳар душворие ҳаст — паси сар мегардад ва ҳар муаммои сарбастае ҳаст- ҳалли худро пайдо хоҳад намуд.

Хиради таърихӣ, ғайрату матонати мардум, роҳнамоии Пешвои муаззами миллат – ҳамин аст кафолати Истиқлолияти давлатии мо, ки 32-солагиашро бо шукуҳи беандоза ва мутантан таҷлил менамоем. 

Аслиддин НИЗОМӢ,
мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои санъатшиносӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 10, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН. Таҳияи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд
ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
«БИШНИД ҶАҲОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО…». Эҳдо ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳомии он- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТМЕҲВАРИ ЗАМОН ВА ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд
Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст