«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — НЕРУИ МУТТАҲИДСОЗИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 5, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии  бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандони бонк ва меҳмонон таҳти унвони «Истиқлолияти комил — неруи созандаи миллат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози иштирок дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастҷамъиро дар минтақа бе иштироки фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур намуд.


Имрӯз аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва давлатеро  бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва он дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро доро аст. Истиқлолияти комил, якдилӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат маҳз ба заҳматҳои шабонарӯзии ин марди асил- қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои муаззами тамоми тоҷикони дунё алоқаманд аст, ки хишти асосии пойдевори сарҷамъии ин миллатро гузоштаву дар охири қарни 20 ва аввали қарни 21 таърихсозӣ намуда, мақому манзалати миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.

Дар идомаи ҷаласа кормандони фаъоли Бонк барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа бо ифтихорномаю раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.


АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Сентябрь 5, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд