«КИТ: Ширкати нақлиётӣ» шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват менамояд

Сентябрь 16, 2023 11:13

ДУШАНБЕ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КИТ: Ширкати нақлиётӣ» шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати  мазкур.

Бино ба гуфтаи директори департаменти ширкати нақлиётии «КИТ» Игор Долганов, ин ниҳод экспедитори федеролии ҳамлу нақли бор дар қаламрави Федератсияи Русия ва давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошад.

Он дар қаламрави Федератсияи Русия ва давлатхои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 270 намояндагӣ дорад ва ба бисёр нуқтаҳои аҳолинишини дур аз марказҳои нақлиётии федеролӣ бор мекашонад. Аз ҷумла,  дар 87 субъекти таркибии Русия намояндагӣ дорад.

«Мо як ширкати босуръат рушдёбанда ҳастем ва барои самаранок таъмин намудани ҳаракати ҳамлу нақли бор ба корманд эҳтиёҷ дорем.  Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар ширкати  мо кор кунанд, чунин имтиёзҳо пешбинӣ шудааст: пардохти маблағи  парвоз ба Федератсияи Русия, сабти патент аз ҷониби корфармо, пардохти маблағи  манзил ва 50 ҳазор рубл маош. Хоҳишмандон метавонанд тариқи почтаи электронии vassa96@mail.ru бо мо дар тамос шаванд», — гуфт директор.

Ширкат  ба коргарон шароити бехавфи меҳнат, ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнатро дар ҷойи кор муҳайё намуда, сари вақт додани музди меҳнатро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки ҶДММ «КИТ: Ширкати нақлиётӣ» аз соли 2022 ба рӯйхати ташкилотҳои муҳими иқтисодии Русия дохил шудааст. Корхонаи идоракунандаи ширкат дар Екатеринбург ҷойгир аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 16, 2023 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад