Кормандони милитсияи Бадахшон ба шарафи 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади бошукуҳ баргузор намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.
Гуфта шуд, ки дар оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлати тозаистиқлоли мо ба кашмакашиҳои сиёсии дохилӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари парокандагии миллат ва пора-пора шудани ҷумҳурӣ таҳдид менамуд, аммо кӯшишу заҳмати хастагинопазири миллат ва азму иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардад.
Таъкид шуд, ки бо дарназардошти фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ кормандони милитсияи Бадахшон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан ва сипари истиқлолият минбаъд низ зиракиву ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта ва рисолати пурифтихор кӯшиши пайваста зоҳир менамоянд.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии милитсияи вилоятро дар вазъияти тантанавӣ бо рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ, «Сипоснома», «Раҳматном» ва «Ифтихорном» сарфароз гардонид.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд






