Кормандони милитсияи Бадахшон ба шарафи 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади бошукуҳ баргузор намуданд

Сентябрь 8, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ҷамъомади тантанавӣ  баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлати тозаистиқлоли мо ба кашмакашиҳои сиёсии дохилӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари парокандагии миллат ва пора-пора шудани ҷумҳурӣ таҳдид менамуд, аммо кӯшишу заҳмати  хастагинопазири  миллат ва азму иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардад.

Таъкид шуд, ки бо дарназардошти фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ кормандони милитсияи Бадахшон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан ва сипари истиқлолият минбаъд низ зиракиву ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода,  баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта ва рисолати пурифтихор кӯшиши пайваста зоҳир менамоянд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои зоҳир намудани маҳорату  малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии милитсияи вилоятро  дар вазъияти тантанавӣ бо рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ, «Сипоснома», «Раҳматном» ва «Ифтихорном»  сарфароз гардонид.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сентябрь 8, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад