МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» омили пешгирии чангу ғубор аст

Сентябрь 27, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Туғайзор бештар дар ҷойҳое, ки ҷангал ба назар намерасад, нақши онро мебозанд. Онҳо асосан муҳитро аз гармӣ ва ҳар гуна бодҳои афғонӣ ҳифз намуда, дар таносуби мувозинати табиӣ нақши муассир доранд. Чунин изҳори назар намуд ба АМИТ «Ховар» коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар Арабистони Саудӣ доир гардид, «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ба андешаи коршиноси тоҷик Ҳасан Асоев, туғайзор асосан барои тозагии ҳавои муҳит ва нигоҳдошти он аз ҳар гуна чангу ғубор хизмат менамоянд. «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз гӯшаҳои табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои асрори хоси табиии бисёрасраи эволютсионӣ буда, робитаи тарафайни олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд. Ҷангали туғайи он то ҳол ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар ҳудуди он намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамзамон туғайзор омили хуби нигаҳдошти ҳавои муҳит аз гарду ғубор ва ифлосшавии он ба шумор мераванд»,-афзуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир ҳолатҳои хеле зиёд ба амал омадани чангу ғубор ба назар мерасанд. Ба андешаи коршиноси масоили экологӣ,  омили асосии ин ҳолат- кам шудани туғайзор дар табиат ба ҳисоб меравад.  Ҳасан Асоев изҳор медорад, ки агар таъсири боди афғонӣ дар солҳои 30-юм тақрибан 10-15 дақиқа давом мекард, солҳои 60-70-ум он ба 1-2 соат ва аз ин бештар расида буд. Ҳоло давомнокии он ба рӯзҳо расидааст.

«Агар аз нигоҳи илмӣ гӯем, олимон солҳои 30-юм зимни таҳқиқи ин ҳодиса пешгӯӣ намуда буданд, ки агар  пеши роҳи биёбоншавӣ гирифта ва омилҳои сар задани ин ҳолат омӯхта нашавад, эҳтимол ояндаи наздик раванди идомаёбии боди афғонӣ на чанд рӯз, балки ба моҳҳо расад. Яке аз сабабҳои асосии сар задани он дар ҷумҳурии мо- ин кам шудани масоҳати туғайзор мебошад. Мо замоне ин равандро пешгирӣ намуда метавонем, ки барои сабзазоркунии муҳити атроф ва як дараҷа эҳё намудани туғайзори мамлакат тадбирҳои мушаххас андешем»,-афзуд коршинос.

Ёдовар мешавем, ки туғайзор ҳамвориҳои гарми ҷумҳуриро дар бар гирифта, асосан аз буттаву дарахтони туронға, ҷигда, газ ва ғайра иборат мебошад. Ба туғай гиёҳҳои хӯшадори қадбаланд- най, сарнай, найшакари худрӯй хос мебошанд.

Ба андешаи коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, туғайзор масоҳатеро меноманд, ки дар он найзор нумӯъ намудааст. «Туғайзор асосан муҳитро аз гармӣ ва ҳар гуна бодҳои афғонӣ ҳифз намуда, дар таносуби мувозинати табиӣ нақши муассир доранд. Агар зимни сабзазоркунии ҷумҳурӣ аз дарахтони маҳаллӣ, аз ҷумла чинор, маҷнунбед истифода бурда шавад, ба манфиати кор мебуд, зеро ин растаниҳо дар нигоҳдошти чангу ғубор то андозае саҳм дошта метавонанд»,-шарҳ дод коршинос.

Бояд гуфт, ки тайи чор соли охир — солҳои 2020-2023 такроршавии чунин хокборишҳо ва тӯфонҳои чангӣ дар Тоҷикистон афзуда, зарар ва оқибатҳои он ба мушоҳида мерасанд. Вале, ба гуфтаи коршинос Ҳасан Асоев, дар айни замон сабаб, оқибат ва таркиби ин тӯфонҳо пурра омӯхта нашудааст ва он аз олимон таҳқиқоти иловагӣ талаб менамояд. «То даме, ки сабабу оқибатҳои таъсири манфии ин ҳодиса омӯхта ва таҳқиқ нашавад, наметавон пеши роҳи онро гирифт. Таҳқиқи ин ҳодиса то солҳои 60-уми асри гузашта анҷом дода шудаасту халос. Хуб мешуд, агар он пурра ва дақиқ таҳқиқу баррасӣ  мешуд»,-изҳор медорад Ҳ.Асоев.

Ба таъкиди коршиносони соҳа, ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иқлими континенталии ба худ хос бештар ба таъсири харобиовари тӯфонҳои хокӣ ва регӣ дучор меояд. Мушкилоти таназзули замин ва биёбоншавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ ба назари онҳо сол то сол бештар хусусияти муҳим гирифта истодааст. Зеро тағйирёбии иқлим, нобуд намудани ҷангалҳо, усулҳои номатлуби обёрӣ, истифодаи аз ҳад зиёди заминҳои кишоварзӣ ба паст шудани сатҳи истифодаи замин оварда расонида, дар навбати худ таъсири чангу ғубор сабаби паст гаштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Андешаҳо оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст