МУКОФОТ МУБОРАК! Кормандони АМИТ «Ховар» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди иттилоот бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — Пайрав Назарзода бо медали «Хизмати шоиста» ва Парвиз Файзуллозода бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ба ин муносибат дар Агентӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Зимни он Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, аз муваффақияте, ки ҷумҳуриамон дар тӯли 32 соли соҳибихтиёрӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, ёдовар шуд ва онҳоро дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик беназир арзёбӣ намуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба кормандони Агентӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.


Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони воситаҳои ахбори омма нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони васоити ахбори оммаи мамлакат мебошад. «Дар ҳақиқат, саҳми ВАО дар мукаммалгардонии фазои иттилоотии мамлакат ва таъмини амнияти иттилоотӣ назаррас аст», изҳор намуданд Эмомалӣ Насриддинзода.


Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд. 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, инчунин роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии мамлакат, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.
Мавриди тазаккур аст, ки 30 август аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода низ медали «Хизмати шоиста» супорида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






