Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба кашшофи асрори замин мукофоти давлатӣ супорид
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр, дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Шарифов барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон— медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.
Тавре сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридора иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ин қадршиносиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун подоши хизмати содиқонаи онҳо ба давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.
Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи сиёсии муосири миллати тоҷик дастоварди бузург маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифа ва рисолати халқи шарифи Тоҷикистон, аҳли зиё ва тамоми шаҳрвандони баору номуси Ватан мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ дар арафаи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ кормандони соҳаи геология бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардида буданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






