«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Мураббии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид

Сентябрь 25, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2023» гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Озмун аз 21 то 23 сентябр баргузор гардида, дар он 5 нафар: мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Мастура Алимзода,  мураббии кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Марҳабо Бобоҷонова, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова,  мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  Шукрона Мадиева, мураббии кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саврина Оҷибангиева иштирок намуда, аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорат нишон доданд.

Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ доир шуд.

Мақсад аз гузаронидани озмун- баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсили томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30 сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор баргузор мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд