«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Мураббии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2023» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун аз 21 то 23 сентябр баргузор гардида, дар он 5 нафар: мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Мастура Алимзода, мураббии кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Марҳабо Бобоҷонова, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева, мураббии кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саврина Оҷибангиева иштирок намуда, аз рӯйи шаш шарт ҳунару маҳорат нишон доданд.
Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ доир шуд.
Мақсад аз гузаронидани озмун- баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсили томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.
Маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30 сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор баргузор мегардад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






