НАҚШИ АҲЛИ ФАРҲАНГ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ НАЗАРРАС АСТ. Кормандони Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар вазорати номбурда хабар доданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки дар асри ҷаҳонишавӣ ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушд додани он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо мебошад ва хурсандона аҳли фарҳанги мамлакат дар таҳкими пояҳои Истиклол ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас доранд.
Ба таъкиди иштирокчиёни чорабинӣ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хосса пайваст.
Дар ҷамъомад як зумра кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар соҳа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид






