НАҚШИ АҲЛИ ФАРҲАНГ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ НАЗАРРАС АСТ. Кормандони Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 7, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат  ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар вазорати номбурда хабар доданд.

Дар ҷамъомади  тантанавӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ   ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки дар асри  ҷаҳонишавӣ  ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушд додани  он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо мебошад ва хурсандона аҳли фарҳанги мамлакат  дар таҳкими пояҳои Истиклол ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас доранд.

Ба таъкиди иштирокчиёни чорабинӣ  бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хосса пайваст.

Дар ҷамъомад  як зумра кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар соҳа  бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд