НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Имрӯз дастранҷи деҳқонони ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Темурмалик пешкаши сокинони Душанбе мегардад

Сентябрь 2, 2023 07:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. Намоиши ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб  дар Боғи Ирам ва ноҳияи Темурмалик дар Боғи Кӯдакон баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун, Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон, Дӯстӣ, Деваштич, Ванҷ, Левакант, Норак, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз, Бохтар, Айнӣ, Лахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Носири Хусрав ва Балҷувон  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2023 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст