Намояндагони ниҳодҳои сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон 7 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат маҳсуб мешавад, сухан гуфт.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораю вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат созмондиҳандагони форум буданд.
Дар кори форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.



Тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар самти сайёҳӣ ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои соҳа аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
Иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок, инчунин алоқамандии тарафайн бо густариши минбаъдаи робитаҳо байни ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ ва давлатҳои ИДМ-ро муҳокима намуданд.
Инчунин дар ҷараёни Форуми байналмилалии сайёҳӣ намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакатҳои ҳамдигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар ҳошияи Форуми “Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ” дар муассисаи давлатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи сайёҳии “Душанбе — шаҳри сайёҳӣ” бо намоиши молу маҳсулоти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳо ва лавозимотҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ, имконият ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни Форум гардонида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






