Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин аз дастгирии давлатии ҷавонон сухан гуфтанд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки ҳайатҳои миллии Шурои ҷавонони аъзои ин созмон ба кори худ оғоз намуд. Дар он намояндагон аз сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Дар Форум дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон» ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ҷавонон дар самтҳои гуногун маъруза карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ҷиҳати тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ гардида истодааст.
Аъкид гардид, ки ҷавонони Тоҷикистон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин ас.
Ёдовар мешавем, ки Форуми мазкур то 12 сентябр идома ёфта, намояндагони давлатҳо дар бахшҳои гуногун иштирок менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






