Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми сеюми марказҳои зеҳнии «Чин – Осиёи Марказӣ» иштирок намуд

Сентябрь 26, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21-22 сентябр дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Форуми сеюми марказҳои зеҳнии «Чин – Осиёи Марказӣ» доир гардид, ки дар он аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муассисони ин қолаб ба ҳисоб меравад, директори Марказ Хайридин Усмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Форуми мазкур таҳти унвони «Муттаҳидсозии кӯшишҳо баҳри эҷоди ҷомеаи ба ҳам наздик ва дорои сарнавишти муштарак барои Чин ва Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, иштирокчиёни он асосан дар бораи тавсеаи ҳамгироӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шароити гуногунии фарҳангию тамаддунӣ ва роҳҳои ташкили ҷомеаи дорои сарнавишти муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Хайридин Усмонзода дар мавзуи «Нақши равобити марказҳои таҳлилӣ дар таҳкими ҳамкории созанда дар Осиёи Марказӣ» сухан гуфта, ҷойгоҳи пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои таҳлилӣ, мубодилаи афкори пайваста байни коршиносону пажуҳишгарони масоили сиёсию иқтисодӣ ва амниятиро дар тақвияти ҳамгироӣ байни давлатҳои минтақа ва Чин ва таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим арзёбӣ намуд.

Дар форум зиёда аз 100 олим ва коршиноси варзида иштирок намуд.

Дар ҳошияи форум мулоқоти директори Марказ бо директори Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин  Сун Чжуанжи доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин сухан гуфта, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду давлатро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дошта, минбаъд низ таҳти роҳбарии сарварони ҳар ду давлат равобити дуҷониба ва сатҳи бовариву эътимод такони бештар хоҳад ёфт.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд