Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Саридораи геология иттилоъ доданд.
Дар кори иҷлосия, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шурои байниҳукуматӣ, сардорону масъулони соҳаи геологияи давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок менамоянд.
Зимни иҷлосия Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар солҳои 2021-2025» ва иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIV Шурои байниҳукуматӣ дар давраи раёсат (2022-2023), инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҳисобот медиҳад.
Дар назар аст, ки роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ дар бораи ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи XXV Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22-23 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






