«Нобаробарии рақамӣ» дар гузашта мемонад
ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 130 истгоҳи базавӣ шабакаи 4G-и аввалин оператори имконияти нави рақамиро дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра намуданд. Мақсади замонависозии васеъмиқёс -100% фарогирии маҳалҳои аҳолинишини минтақа бо интернети баландсуръати мобилӣ мебошад.
Таҷҳизоте, ки аз ҷониби муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» насб шудааст, имкон медиҳад, ки пойгоҳҳои базавии наслҳои қаблӣ ба суръати таҳвили маълумот дар 4G ноил шаванд. Ҳамин тариқ, пас аз навгардонии шабакаи 3G интернети мобилӣ қариб даҳ маротиба тезтар мешавад. Ҳамзамон пойгоҳҳои 4G, аз ҷумла пойгоҳҳои модернизатсияшуда ва бори аввал имсол насбгардида дар басомадҳои гуногун – 800, 1800, 2300 ва 2600 МГс кор менамоянд. Ин худ имкон медиҳад, ки трафик дар «ҷараёнҳои гуногун» интиқол дода шавад. Дар натиҷа иқтидори шабака ва шумораи истифодабарандагоне, ки Интернети мобилӣ ба онҳо бо суръати баландтарин дастрас аст, чандин маротиба зиёд мешавад.
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини хурд таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳадафи глобалии оператор фароҳам овардани имконияти баробар барои ҳамаи муштариён, новобаста аз маҳалли зисти онҳо маҳсуб мешавад.
Дар ҷараёни ин кор на танҳо суръати интернет зиёд гардид, балки дар якчанд маҳалҳои дурдаст имсол бори аввал хизматрасонии алоқаи мобилӣ фароҳам оварда шуд. Минтақаи дараи Ромит, Ҷамоати Сона, деҳаҳои Кушкак ва Тулаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Теппаи самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Фиришти ноҳияи Ваҳдат ва Бойқишлоқи шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи ин мавзеъҳо мебошанд.
Дар шаҳри Душанбе низ зарурати такомули мунтазами инфрасохтори алоқа вуҷуд дорад. Ноҳияҳои нав бунёд мегарданд, манзараи шаҳр тағйир меёбад. Ҳамаи ин «мукаммалкунии» шабака ва насби таҷҳизоти иловагиро тақозо менамояд, зеро дар баъзе ҳолатҳо биноҳои нав пеши роҳи мавҷро аз наздиктарин истгоҳи базавӣ мегиранд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода фарогирии ҳудуди Душанбе бо шабакаи алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» аз 99% гузашт.
«Дар назди мо ҳадафи бузург гузошта шудааст- мо бояд то охири соли 2023 корҳои асосиро ҷиҳати фарогирии тамоми ҳудуди аҳолинишини шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интернети босуръати 4G ба иҷро расонем. Дар пойтахт мо аллакай ба ин натиҷа наздик шудаем. Дар навоҳии тобеи марказ ба беш аз 80 % аҳолӣ хизматрасонии муосири рақамӣ дастрас аст. Мо мекӯшем, ки нобаробарии ба истилоҳ рақамӣ дар гузашта бимонад», – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






