«Нобаробарии рақамӣ» дар гузашта мемонад

Сентябрь 21, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 130 истгоҳи базавӣ шабакаи 4G-и аввалин оператори имконияти нави рақамиро дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра намуданд. Мақсади замонависозии васеъмиқёс -100% фарогирии маҳалҳои аҳолинишини минтақа бо интернети баландсуръати мобилӣ мебошад.              

Таҷҳизоте, ки аз ҷониби муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» насб шудааст, имкон медиҳад, ки  пойгоҳҳои базавии наслҳои қаблӣ  ба суръати таҳвили маълумот дар 4G ноил шаванд. Ҳамин тариқ, пас аз навгардонии шабакаи 3G интернети мобилӣ қариб даҳ маротиба тезтар мешавад. Ҳамзамон пойгоҳҳои 4G, аз ҷумла пойгоҳҳои модернизатсияшуда ва бори аввал имсол  насбгардида дар басомадҳои гуногун – 800, 1800, 2300 ва 2600 МГс кор менамоянд. Ин худ  имкон медиҳад, ки трафик дар «ҷараёнҳои гуногун» интиқол дода шавад. Дар натиҷа иқтидори шабака ва шумораи истифодабарандагоне, ки Интернети мобилӣ ба онҳо бо суръати баландтарин  дастрас аст, чандин маротиба зиёд мешавад.

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини  хурд таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳадафи глобалии оператор фароҳам овардани имконияти баробар барои ҳамаи муштариён, новобаста аз маҳалли зисти онҳо маҳсуб мешавад.

Дар ҷараёни ин кор на танҳо суръати интернет зиёд гардид, балки дар якчанд маҳалҳои дурдаст имсол бори аввал хизматрасонии алоқаи мобилӣ фароҳам оварда шуд. Минтақаи дараи Ромит, Ҷамоати Сона, деҳаҳои Кушкак ва Тулаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Теппаи самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Фиришти ноҳияи Ваҳдат ва Бойқишлоқи шаҳри  Турсунзода  аз ҷумлаи ин мавзеъҳо мебошанд.

Дар шаҳри Душанбе низ зарурати такомули мунтазами инфрасохтори алоқа вуҷуд дорад. Ноҳияҳои нав бунёд мегарданд,   манзараи шаҳр тағйир  меёбад. Ҳамаи ин «мукаммалкунии» шабака ва насби таҷҳизоти иловагиро тақозо менамояд, зеро дар баъзе ҳолатҳо   биноҳои нав пеши роҳи мавҷро аз наздиктарин истгоҳи базавӣ мегиранд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода фарогирии ҳудуди Душанбе бо  шабакаи алоқаи  «МегаФон Тоҷикистон» аз 99% гузашт.

«Дар назди мо ҳадафи бузург гузошта шудааст- мо бояд то охири соли 2023 корҳои асосиро ҷиҳати фарогирии тамоми ҳудуди   аҳолинишини шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интернети босуръати 4G ба иҷро расонем. Дар пойтахт мо аллакай ба ин натиҷа наздик шудаем. Дар навоҳии тобеи марказ ба беш аз 80 %  аҳолӣ хизматрасонии муосири рақамӣ дастрас аст. Мо мекӯшем, ки нобаробарии ба истилоҳ рақамӣ дар гузашта бимонад», – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дар  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 

Сентябрь 21, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад