«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2023» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Дар ин даври озмун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сиротулло Зоиров, муаллими фанни географияи Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни биологияи МТМУ №90-и ноҳияи Сино Тахмина Мирзохоҷаева ва муаллими фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсӣ Самандар Одинаев иштирок менамоянд.
Тибқи тартиб қисмати амалии даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2023» аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун бо тартиби таълим дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Тибқи Низомномаи озмун, довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






