«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз гардид

Сентябрь 16, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2023» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар ин даври озмун  омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сиротулло Зоиров, муаллими  фанни географияи Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни биологияи МТМУ №90-и ноҳияи Сино Тахмина Мирзохоҷаева ва муаллими  фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсӣ Самандар Одинаев иштирок менамоянд.

Тибқи тартиб қисмати амалии даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2023» аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун бо тартиби таълим дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Тибқи Низомномаи озмун,  довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Сентябрь 16, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид
Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муарифӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд
Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад
Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад