«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Муаллими Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид

Сентябрь 18, 2023 17:02

ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.

Сиротулло Зоиров фаъолияти хуби корӣ дошта, 10 шогирдаш дар даври ноҳиявӣ (4 медали тилло, 4 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ), даври шаҳрӣ (1 медали тилло, 4 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) ва дар даври ҷумҳуриявӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

Мавсуф шахси ҷӯяндаву илмдӯст буда, пайваста ба корҳои эҷодӣ машғул аст. То инҷониб муаллифи 3 дастури методӣ: «Мавзуъҳои коркардшуда барои соатҳои тарбиявӣ», «Ҳувият», «Боргоҳи маърифат», 1 маҷмуаи шеърҳои «Номаи нахустин» ва 36 мақола мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Сентябрь 18, 2023 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид