«ҶОМИ ТОЗАГИИ АВРУОСИЁ». Дар Душанбе экомарафони байналмилалӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе экомарафони байналмилалии «Ҷоми тозагии Авруосиё» баргузор мегардад, ки дар он зиёда аз 160 даста аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова ва Русия иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳар даста байни ҳамдигар барои ҷамъ намудани партовҳо ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани онҳо қувва меозмоянд.
«Ҷоми тозагии Авруосиё» дар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо дастгирии Хазинаи грантҳои Президенти Федератсияи Русия гузаронида мешавад.
Дар Тоҷикистон «Ҷоми тозагии Авруосиё» бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ва ширкати Мегафон Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Дар доираи ин ибтикор дар Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии зерин байни ҳамдигар қувва меозмоянд:
— Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
— Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе,
— Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия,
— Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,
— Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри Москва.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






