ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Суғд ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Суғд ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Раиси вилоят, аъзои Ситоди вилоятии омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 Ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 иборат аз 27 банд тасдиқ шудааст.
Вобаста ба ин дар ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор ба имзо расида, ситодҳо таъсис дода шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар муассисаҳои маорифи вилоят талабот ба ангишт 17193,0 тонна ва ҳезум 8104,3 м3 муайян шудааст. Дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ захира намудани 5163,3 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум ба нақша гирифта шуда, захиракунӣ дар арафаи анҷом қарор дорад.
Муовини якуми Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагӣ ба иҷрои пурраи нақша, захира намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва захираи маводи асосии гармидиҳӣ ба мутасаддиён супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






