ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Роғун ба гузаронидани ин давра омода мебошанд

Сентябрь 26, 2023 13:58

РОҒУН, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ситоди корӣ ташкил шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби ситод ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои бе мушкилӣ паси сар намудани ин давра мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, дар асоси қарори мазкур ва нақшаи чорабиниҳои шаҳр барои боз ҳам беҳтар омода намудани шароити корӣ ва таҳсил барои хонандагон дар соҳаи маориф 445 тонна ангишт, 215 м3 ҳезум, 2320 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Инчунин ба марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббию филиалҳои китобхонаҳои шуъбаи фарҳанги шаҳр 37 тонна ангишт, 36 м3 ҳезум ва 400 литр сӯзишворӣ ворид намудаанд.

Аз ҳисоби буҷети шаҳри Роғун барои хариди ангишту сӯзишвории сохторҳои давлатӣ 642,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин маблағҳо давра ба давра ҷудо гардида истодаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон аз тарафи аҳолии деҳаҳои ҳудуди шаҳри Роғун 7374,2 тонна ангишт, 11884,3 метри кубӣ ҳезум ва 14548 литр сӯзишворӣ захира мешавад. Хушбахтона, аҳолии шаҳр то ба имрӯз зиёда аз 4300 тонна ангишт, 11225 метри кубӣ ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд.

Бо мақсади харидорӣ ва захира намудани маводи сӯзишворӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун 8 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мавҷуд аст, ки сокинон метавонанд аз ин нуқтаҳо маводи сӯзишворӣ харида, барои гузаронидани сардиҳои зимистон захира намоянд.

Бо мақсади пура таъмин намудани аҳолии шаҳр бо қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳр корҳои таъмирӣ, илова намудани равғани трансформаторҳои қудратӣ бо таҷҳизоти қудратии равғандор, иваз намудани ҷудокунакҳои ростпайванду буриши дарахтон дар хатҳои барқ ва дигар корҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 26, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад