Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи кунунии робитаҳои осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Покистон имрӯз зимни мулоқоти Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориро дар самтҳои гуногуни фаъолияти осорхонаҳои ду давлат, аз қабили боздиди мутахассисон аз осорхонаҳо, омодаву нашр намудани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳо ва иштирок дар намоишу чорабиниҳои осорхонаҳои ҳамдигар муҳокима намуданд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади беҳтарсозии фаъолият ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба рушди ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






