Пагоҳ дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,
— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,
— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,
— дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,
— дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.
Ҳамзамон 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд






