Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 2, 2026 13:46

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро ки бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ  дар шаҳраки Баҳористони деҳоти Яхтан бунёд шудааст, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаб барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхона ва кабинетҳои фаннии барҳавою муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июли соли 2026 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, аёниятҳои хониш  ва дигар лавозимоти  зарурӣ таъмин гардидааст.

Саҳни муассиса бо роҳравҳои зебо ва гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкан сабзкорию ороста гаштааст.

Омӯзгорону хонандагони мактаб ва сокинони шаҳраки навбунёди Баҳористон аз мавриди истифода қарор гирифтани ин боргоҳи илму маърифат бо шароити муосири донишомӯзӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Ноябрь 2, 2026 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд