Пагоҳ дар Душанбе Форуми олимони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Форум дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.
Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.
Иштирокдорон дар форум мавзуъҳои «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории академии минтақавӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ», «Масъалаҳои бехатарии биологӣ дар Тоҷикистон, «Масъалаҳо ва дурнамои рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Тоҷикистон дар давраи ҳозира» ва ғайраро баррасӣ менамоянд.
Имрӯз иштирокдорони форум дар доираи ҳамоиш бо фаъолияти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва дастовардҳои илми тоҷик дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






