Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик камназир номиданд

Сентябрь 8, 2023 09:07

ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошии худ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик камназир номиданд.

«Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Дар идома Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифии давлати тозаистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошанд.

«Ҳамзамон бо ин, мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсозии ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкарда пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар ҷумҳурӣ барқарор созанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 8, 2023 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд