Пешвои миллат: Татбиқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 ташвишовар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи иҷрои татбиқи қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, то ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. Чунин изҳор доштанд имрӯз Сарвари давлат зимни суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мувофиқи барнома, ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Вале аз оғози амалишавии барнома, яъне дар муддати сеюним соли сипаришуда аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.
«Мусаллам аст, ки кӯдаки дар муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбия фарогирифта барномаи мактабиро беҳтар аз худ мекунад ва доираву сатҳи тафаккураш аз дигар ҳамсолонаш ба таври назаррас фарқ дорад. Аз ин лиҳоз, талаботи аҳолӣ ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзуда истодааст»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор нафар ва 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор нафар фаъолият доранд, ки ин ҳамагӣ 16 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, чанд муддат аст, ки дар мамлакат дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ба таври алоҳида марказҳои рушди кӯдак фаъолият доранд, вале вазъи ҳуқуқии онҳо то ҳол ба танзим дароварда нашудааст. «Чунин марказҳо метавонанд барои омода намудани кӯдакон ба мактаб нақши муҳим гузошта, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мусоидат намоянд»,-афзуданд Пешвои миллат.
Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки вазоратҳои маориф ва илм, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои ҳарчи бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон бояд тадбирҳои иловагӣ амалӣ намоянд.
«Зарур аст, ки доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабӣ чораҷӯӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 50 фоиз расонида шавад», — иброз намуданд Пешвои миллат.
АКС аз бойгонӣ








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






