Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим эътироф гардидааст»

Сентябрь 8, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошии худ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.

«Пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» дар замони соҳибистиқлолӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монем», — таъкид намуданд  Сарвари давлат.

Дар идома Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки боиси ифтихори мардуми шарифи тоҷик аст, ки то ба ҳол панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028-ро пазируфт.

Бояд хотиррасон намуд, ки бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби  Президенти Тоҷикистон  зимни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк) садо дода буд.

Қатъномаи мазкур дар асоси ташаббусу пешниҳодҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Конфронси оби СММ эълон гардида буданд, омода шуда, ишора ба суръати пасти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 менамояд ва таъсири манфии ин равандро барои инсоният дар роҳи расидан ба рушди устувор таъкид месозад.

Қатънома инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ҳама сатҳҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафу мақсадҳои марбут ба обу санитарияи Рӯзномаи 2030, хусусан барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ зарур мешуморад.

Дар бахши амалиётии қатънома дар баробари қарори баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид соли 2028 дар Тоҷикистон инчунин соли 2026 барпо намудани Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об ҷиҳати суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) 6 таъйид гардидааст.

Инчунин Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз Дабири кулли СММ даъват ба амал овардааст, ки то охири иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар машварат бо давлатҳои аъзои СММ стратегияи фарогирро оид ба обу санитария омода ва ба кишварҳои аъзо пешниҳод намояд.

Қабул гардидани санади мазкур бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад.

Воқеан ҳам,  Конфронси СММ оид ба об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2028), ки бори аввал дар мамлакатамон баргузор мегадад, барои боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҷумҳурӣ рӯйдоди таърихӣ ва беназир хоҳад шуд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 8, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид