ПОЯНДА БОД ТОҶИКИСТОН ВА АБАДӢ БОД ИСТИҚЛОЛ! Дар вилояти Хатлон паради ҳарбӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Ҳамоишҳои расмӣ ба ин муносибат бо гузашти паради хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарии вилоят, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот идома меёбанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин ҳамоиш изҳор дошт, ки такягоҳи давлат ва устувории фазои амну суботи сарзамин ва неруи эътимодбахшу итминони мардум ба зиндагии осоишта ба қудратмандии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори қавӣ дорад. «Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташаккули он ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ агарчи ба мушкилиҳои вазнин рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, мавқеи худро дар минтақа устувор нигоҳ дошта, ба як неруи пуриқтидор ва сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст»,-афзуд Раиси вилоят.


Таъкид гардид, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон фароҳам гардидааст.
Ҳамзамон иброз карда шуд, ки дар партави таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоят таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ мунтазам чораандешӣ менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ дар арафаи идҳои миллӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор чорабиниҳои фарҳангӣ, бо оростани дастурхони идона баргузор карда мешавад.
Паради низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар хиёбони марказии шаҳри Бохтар доир гардид.
АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд






