Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот анҷом доданд

Сентябрь 20, 2023 04:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот намуданд.

Дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба масъалаи тавсеаи робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид, ҳамчунин масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сентябрь 20, 2023 04:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон