РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФИ ДУШАНБЕ. Бо мақсади табодули таҷриба гурӯҳи корӣ ба Тошканд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии пурраи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҳайати 22-нафараи аҳли маорифи пойтахт ба шаҳри Тошканд сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафар намудааст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва мутахассисону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки дар татбиқи барномаи «eDonish» фаъолияти назаррас доранд, шомил мебошанд.
Сафари гурӯҳ аз 18 то 22 сентябр идома ёфта, зимни он ҳайати корӣ бо имконияту шароити муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи маорифи Тошканд шинос мешаванд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






