Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот раисони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Узбекистон дар сиёсати хориҷии давлати мо мавқеи афзалиятнок ишғол намуда, ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.
Таъкид гардид, ки дар давоми беш аз сӣ сол муносибатҳо байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбекистон бо такя ба заминаи устувори ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва бо назардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо пайваста густариш меёбад.
Ҷонибҳо ба тавсеаи фаъоли робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин ҳамкории парламентҳои ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилаливу байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хосса дода, ҳавасмандии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои мардумони ду давлат изҳор доштанд.
Ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар карда шуд.
Пас аз музокироти дуҷониба маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки бо имзои Созишномаи мазкур сатҳи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Узбекистон тавсеа ёфта, дар сатҳи Комиссияи доимамалкунанда ба роҳ монда мешавад.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






