Сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ,14.09.2023./ АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз пас аз иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аз шаҳри Душанбе ба Бишкек баргашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи иштирок дар Вохӯрии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуда, масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ва ҳамчунин мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






