САЛОМ МАКТАБ! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи дониш оғоз ёфт

Сентябрь 1, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз чун анъана дар тамоми мактабҳо бо садо додани Суруди миллӣ ва ҷамъомади идона Рӯзи дониш оғоз гардида, хонандагон бо руҳияи болида дар муассисаҳои таълимӣ ба илму донишандӯзӣ шуруъ намуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин лаҳзаҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин мактаб шарик аст.

Дар ин лаҳзаҳо шодии дустрӯяконе, ки бори аввал ба ин боргоҳи илму маърифат қадам мениҳанд, ҳадду канор надорад. Зеро онҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдату ҳамбастагӣ барои ояндаи дурахшони худ ва Ватани азиз таҳсилро шуруъ намуданд.

Субҳи барвақти имрӯз хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 дар саҳни мактаб ҷамъ омаданд. Аз баландгӯяк шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш» ба таври  мутантан қироат шуд:

Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!

Тавре директори мактаб Искандар Давлатов иброз дошт, дар соли нави таҳсил мактаби мазкур дари худро ба рӯи 2019 нафар хонанда  боз намудааст, ки аз ин теъдод 129 нафарро хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи директори мактаб, дар муассиса 83 нафар омӯзгорони ботаҷриба таълим медиҳанд, ки шумораи онҳо нисбат ба соли гузашта 9 нафар зиёд мебошад. «Омӯзгорони муассиса ба соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо руҳияи тозаву масъулияти баланд хонандагонро пурра ба таълиму тарбия фаро мегиранд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ бе донистани илми муосир ягон давлат тараққӣ намуда наметавонад. Ҳамин аст, ки ба омӯзгорон пайваста таъкид менамоем, ки роҳу воситаҳои муосири таълимро омӯхта, ба хонандагон бо воситаҳои техникӣ кор баранд», -иброз дошт ӯ.

Имсол муассисаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳамчунин дар ин муассиса ҷиҳати омӯзиши дарсҳои забони англисӣ ва русӣ барои хонандагон тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр чун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд