САМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Тоҷикистон 139 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ барои бунёди манзил ҷудо гардид, ки дар 70 соли гузашта 77 ҳазор гектарро ташкил медод

Сентябрь 9, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо гардид, ки дар натиҷа шароити истиқоматии 9 миллион нафар сокинони ҷумҳурӣ беҳтар шуд. Ҳол он ки дар 70 соли то замони истиқлолият ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд. Ин матлабро  Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дирӯз зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баён намуд.

Ориф Хоҷазода гуфт, ки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдору устувор гардид, барои кулли мардуми  мамлакат  бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба шумор меравад,

«Тайи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуд. Давоми ду даҳсолаи охир суръати рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуд, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт ва дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ қариб се баробар коҳиш ёфт»,-илова кард ў.

Номбурда  махсус таъкид намуд, ки мо бояд бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи худ ҳамаи камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бартараф созем ва дар ободии ҷумҳуриамон саҳми муносиб гузошта, барои таҷлили пуршукуҳи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас гузорем.

Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, ки дар ин маҷлиси тантанавӣ иштирок доштанд, доир ба самараҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, расидан ба қадру қимати амнияту осоиштагӣ ва сулҳу суботи комил сухан намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуданд.

Дар ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ пурмаҳсул меҳнат намуда, имрӯз давлатӣ пирӣ меронанд, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба гурӯҳи калони кормандон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия