«Саноатсодиротбонк»: Аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва давлатеро бо номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд

Сентябрь 4, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 04.09.2023  /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» падидаи замони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар партави иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.  Аз «Саноатсодиротбонк» оид ба дастовардҳо тайи солҳои фаъолият ба унвони АМИТ «Ховар» матлабе ирсол гардидааст,  ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардонем. 

— Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур намуд.

Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва давлатеро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро доро мебошад. Истиқлолияти комил, якдилӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат маҳз ба заҳматҳои шабонарӯзии ин марди асил- Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  алоқаманд аст, ки хишти асосии пойдевори сарҷамъии ин миллатро гузоштаву дар охири қарни 20 ва аввали қарни 21 таърихсозӣ намуда, мақому манзалати миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.

Дар тӯли беш аз сӣ сол ин миллату ин давлат ҳар сол аз гузашта боз ҳам ободтару зеботар мегардад, ки он аз қавлҳо ба амал гузаштанро собит намуда, мавқеи ин давлат дар ҳама низомҳо устувор мегардид.

Бо гузашти даҳсолаҳо иқтисодиёт густариш ёфт, ҳадафҳои пешгирифта дар амал татбиқ гардиданд, саноат ва ҷалби сармоя васеъ гардид. Корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияташонро сол ба сол ва беш аз пеш фарох намуданд, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ зиёд шуда, воридот ҳам кам гардид. Маҳсулоти ватанӣ бо дастгирии низоми бонкии мамлакат, ки сармоягузори лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ буда, ба содирот нигаронида шудааст ва  воридотивазкунанда мебошад, дар баробари ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ инчунин фоизи содиротии мамлакатро афзун намуд. Истиқлолияти Тоҷикистон сабаби рушди низоми бонкии мамлакат ва афзоиш ёфтани иқтисод, саноат ва дигар самтҳои афзалиятноки мамлакат гардид.

Фаъолияти  «Саноатсодиротбонк» ба дастгирии молиявии корхонаҳои саноативу истеҳсолии навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии мамлакат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст.

Дар айни замон дороиҳои бонк 736,0 млн  сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳаҷми дороиҳои давраи таъсис 2,6 маротиба афзоиш дода шудааст. Дар зарфи се соли фаъолият аз тарафи «Саноатсодиротбонк» 478,0 млн сомонӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт қарзҳои гуногунмақсад ҷудо шудаанд. Дар ин давра бо истифода аз маблағгузории бонк субъектҳои соҳибкорӣ беш аз 3900 ҷойи кор ташкил намудаанд.

«Саноатсодиротбонк» бо мақсади дастрасии хизматрасонии босифату муосири бонкӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филиалҳо ва дар шаҳрҳои Турсунзодаву Истаравшан ва ноҳияҳои Рашт, Фархор ва Шаҳритус панҷ маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намудааст, ки ба муштариён хизмат мерасонанд.

«Саноатсодиротбонк» дар самти рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва пешниҳоди хизматрасонии рақамии молиявӣ низ саҳм гузоштааст. Бонк аъзои низоми пардохти миллии “Корти Миллӣ” ва низоми пардохти байналмилалии “Виза” буда, кортҳои пардохтии бонкии худро интишор ва барои истифода таҷҳизоти терминалиро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат насб намудааст. Бонк дар пешниҳоди хизматрасонии рақамии молиявӣ низ саҳм гузошта, дар истифода хизматрасонии фосилавии ССБ Мобайл ва Интернет-банкингро  амалӣ  намуд. То 31 августи соли 2023 шумораи истифодабарандагони замимабарномаи ССБ мобайл нисбат ба аввали сол 3,6 маротиба зиёд гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2523 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1098 сомонӣ муқаррар шудааст
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад