«Саноатсодиротбонк» ва Эксимбонки Малайзия лоиҳаҳои муштаракро амалӣ менамоянд

Сентябрь 27, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода бо ҳайати кории Эксимбонки Малайзия таҳти роҳбарии Директор оид ба масъалаҳои стратегӣ Лиза Майдин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкории дуҷониба, аз қабили ҳамкории муросилотӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди соҳибкории дуҷониба ва такмили таҷрибаи мутахассисони соҳаро тариқи маҷозӣ баррасӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки бо имконияти мусоид барои идома додани ҳамкорӣ дар сатҳи роҳбарияти бонкҳо дар Малайзия баргузор намудани вохӯрӣ ба нақша гирифта хоҳад шуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо барои ҳамкории судманд дар оянда изҳори омодагию ҳавасмандӣ  намуданд.

АКС: «Саноатсодиротбонк» 

Сентябрь 27, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд