Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти ҶДММ «Сиёвуш Ёқуб» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” оғоз бахшиданд.
Фаъолияти корхонаи саноатӣ ба коркарди ашёи хом, истеҳсоли профил бо андозаҳои гуногун, тахтаҳои пластикӣ барои фарши хона, дару тирезаҳои пластикӣ ва оҳанин равона шудааст. Дар айни замон дар корхона 5 намуди маҳсулоти пластикӣ истеҳсол мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани корхонаи нави саноатиро дар доираи амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёт муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар масоҳати қариб 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳаким Салимов бунёд гардида, аз ду хати технологӣ иборат мебошад. Дар коргоҳи якум истеҳсоли 3 намуди тахтаҳои пластикӣ ва панелҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти хати дуюми технологӣ барои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “сифат пласт” ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешниҳод мешавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” аввалин корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки 3 давраи асосии истеҳсоли ҳамин номгӯи маҳсулот- аз ашёи хом то маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад. Хатҳои технологие, ки аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастрас шудааст, имкон медиҳад, ки ба мизоҷон маҳсулоти босифати мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дастрас шавад.
Бо дарназардошти зиёдшавии талабот ба чунин намуди маҳсулот, бунёду ба истифода додани корхонаи саноатӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷот ба профил ва тахтаҳои пластикӣ аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳои навтаъсис қонеъ гардонида шавад.
Бинои маъмурии корхона аз 3 ошёна иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин корхона дорои ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва нонпазхона мебошад. Яъне барои кормандон шароити хуби маишӣ низ фароҳам оварда шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар 3 марҳила сохта шуда, дар доираи марҳилаи якуми он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми корхона муаррифӣ шуд. Оянда бунёди корхонаи “шифери Данғара” ва дарҳои чӯбин ба нақша гирифта шудааст.
Дар атрофи корхона гулу буттаҳои ороишию сояафкан шинонида шуда, роҳҳо сафолакпӯш ва чароғон гардидаанд.
Инчунин роҳи асосӣ то корхона асфалтпӯш ва аз масофаи 600 метр об оварда шудааст.
Дар бораи зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия зимни боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳ маълумот дода шуд.
Дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бунёду ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст.
Дар 7 моҳи соли 2023 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба маблағи умумии 1 млрд 453,4 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҷалби сармоя ва бунёду барқароркунии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ шароит фароҳам овард, ки имконияти истеҳсолӣ давоми чанд соли охир васеъ гардад. Дар ин давра коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр зиёд гардид.
Сарвари давлат саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллии ноҳияи Данғараро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин азёбӣ намуда, бо ёдоварӣ аз имконияти мавҷуда масъулини дахлдорро барои афзоиш додани содироти маҳсулот, боз ҳам зиёд намудани ҷалби сармоя ва рушди дучанди соҳаи саноат дар ноҳия вазифадор намуданд.









СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Студияи наву муосир дар назди рӯзномаи «Навиди сино» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд






