Сарвари давлат: «Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд»

Сентябрь 29, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Паёми шодбошӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе — 2023 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

«Воқеан, Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва тавре шумо – соҳибкорони муҳтарам медонед, оби босифати ошомиданӣ яке аз омилҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама, барои саломатии одамон, инчунин, барои рушди саноати коркард, бахусус, истеҳсолоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар оғоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва  намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст