Ширкати «Благо Труд» ба мутахассисон аз Тоҷикистон ниёз дорад

Сентябрь 22, 2023 16:28

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Благо Труд» ҷалби муташаккилонаи мутахассисонро ба    кор дар Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.

Ба гуфти директор оид ба рушд Стефан Пугач, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар бозори меҳнат даъват шудаанд.

«Дар айни замон  дар ширкати  «Благо труд» ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ҳоло ба беш аз 30 ихтисос: борбардорон, ҳаммолон, кормандони толори тиҷоратӣ,  коргарони соҳавӣ, кормандони гуногункасб ва ғайра ҷои кори доимӣ мавҷуд аст», — хабар доданд дар ширкат.

Ҳамарӯза беш аз 1000 корманд дар зиёда аз 30 иншоот дар саросари Русия ба кор ҷалб мешаванд.

«Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд бо мо кор кунанд, имтиёзҳои зерин пешбинӣ шудаанд: пардохти маблағи чипта барои парвоз  ба Федератсияи Русия, сабти патент аз ҷониби корфармо, пардохти манзил, таъмини ҷои кори расмӣ ва маоши муносиб.  Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд бо мо тавассути почтаи электронӣ: i@blago-trud.ru ё телефони +79213336016 тамос гиранд», — илова намуд Стефан Пугач.

АКС: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Благо Труд»

Сентябрь 22, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад
Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад