Сокинони деҳаи Сангпари Кӯлоб соҳиби мактаби замонавӣ гардиданд

Сентябрь 17, 2023 13:35

ДУШАНБЕ, 17.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бинои нави муассисаи таълимии №48 барои 320 хонанда дар як баст сохта шудааст, ки  дорои 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, майдончаҳои варзишӣ ва толори хонишу маҷлисгоҳ мебошад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре сардори филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Аскар Бобоев изҳор дошт, мактаби мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, фармоишгари он филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва пудратчии сохтмон ҶДММ «Уҳда» мебошад.

Номбурда ҳангоми суҳбат аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин муассисаи таълимии наву замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, афзуд, ки муассисаи таълимӣ аз ду бино иборат аст. Он барои 640 хонанда пешбинӣ гардида, навбати якуми бинои таълимӣ барои 320 хонанда сохта шудааст. Синфхонаҳои он бо тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар деҳаи Сангпар беш аз 760 хоҷагӣ зиндагӣ менамоянд. Солҳои зиёд фарзандони сокинони ин деҳа дар орзуи муассисаи нави таълимӣ буданд. Онҳо аз набудани мактаб 2 км роҳро тай карда, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- и деҳаи Корези боло барои таҳсил мерафтанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2023 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид