«СУЛҲ БА ҲАМА!». Дар Душанбе аксияи байналмилалӣ баргузор мешавад

Сентябрь 5, 2023 14:58

ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аксияи байналмилалии «Сулҳ ба ҳама!»— ро баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Ҳамоиши оммавӣ яке аз чорабиниҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раисӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор менамояд.

Чорабинии мазкур аз ду марҳила: озмуни аксҳои онлайн бо расмҳо ва навиштҳое (плакати андозаи А4) иборат аст, ки дар он бояд яке аз калимаҳои калидии аксия – Сулҳ ба ҳама!, Мир всем! ва Peace for all! навишта бошад. Иштирокчиён чунин аксҳоро расм гирифта, ба унвони Кумита ирсол менамоянд.

Беҳтарин аксҳои интихобнамудаи ҳакамони озмун бо ҷоизаҳои арзишманд (телефони мобилӣ ва планшет) мукофотонида шуда, онҳо дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар марҳилаи дуюми аксия аз ҷониби волонтёрон дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе варақаҳои тарғиботӣ тақсим мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа