Суратгузориши АМИТ «Ховар»: Тантанаи Истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 8 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил шуд.
Нахуст бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯён роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, доир ба дастовардҳои назарраси замони истиқлолият сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки Истиқлолият барои ҳар миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Дар идома ба устодону кормандони донишгоҳ мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ супорида шуд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

































«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






